Хабарҳо

ҚАЛЛОБӢ ДАР САМТИ ИСТИФОДАИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

 Моҳҳои ноябр-декабри соли 2016 Абдуалимов Сайдалӣ Раҳмонович, ба ҳайси роҳбари хоҷагии деҳқонии «С.Ҷураев»-и ноҳияи Вахш фаъолият намуда, бо маслиҳати пешакӣ бо Кенжаев Дилшод Маҳмадраҷабович, ки дар вазифаи мутахассиси Кумитаи идораи замини шахри Бохтар кор мекард, бо сӯистифодаи мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд Бегов Маҳмалатиф Маҳмадович, сокини деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш даромада, дидаю дониста, ки ваколати додани қитъаи замини наздиҳавлигиро надоранд, барои додани майдони 0,04 га қитъаи замини хоҷагии деҳқонии фавқулзикр маблағи 4 ҳазор доллари ИМА ва 1600 сомонӣ гирифта, қитъаи замини мазкурро ҷудо карда додаанд, ки Бегов М.М. охирҳои моҳи июни соли 2018 дар он таҳкурсии манзили истиқоматӣ бунёд намудааст.

 Прокурори шаҳри Бохтар нисбати Кенжаев Д.М. ва Абдуалимов С.Р. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) парвандаи ҷиноятй оғоз намуда, пас аз андоми пешбурди тафтишот ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди шахри Бохтар Кенҷаев Д.М. ва Абдуалимов С.Р. гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди дарима татбиқ карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ