Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Хуштомани ҷоҳил

 Сокини ноҳияи Спитамен Турдиева Шоира Ғафуровна 18 марта соли 2018 шаҳрванд Раҳмонова Фарангис Ҳакимҷоновнаро ба писараш Тоҷибоев Абдумӯмин Абдусамиевич хонадор намуда, дар давоми зиндагй нисбати келинаш муносибати бераҳмона карда мунтазами шаъну шарафашро паст задааст. Раҳмонова Ф.Ҳ. аз кирдорҳои хушдоманаш Турдиева Ш.Ғ. ғамгин шуда, роҳи халос шудан аз ин муҳитро дар худкушӣ дониста, рӯзи 21 апрели соли 2019 тахминан соати 11:00 дақиқа аз хонаашон баромада, ба маҳаллаи Ҷомии деҳоти Сарбанд рафта, ба болои купрӯк баромада, худашро ба дарёи "Сир" партофта, сӯиқасди худкушй кардааст, ки ин ҳолатро шаҳрванд Юнусов Хуршед дида, ӯро аз дохили даре ба соҳил баровардааст.

  Прокуратураи ноҳияи Спитамен 27.04.2019 сол аз тарафи нисбати Турдиева Ш.Ғ. бо моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй оғоз карда онро ба суди ноҳия ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Спитамен Турдиева Ш.Р. бо моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодй ба муҳлати 3 сол бо адои он дар колонияи ислоҳии дорой низомаш умумй таъин карда шудааст.

  Ҳамзамон, суд бо ҳамин ҳукм дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятй ҷазои нисбати Турдиева Ш.Ғ. таъинкардашударо шартан татбиқ накарда, нисбаташ ба мухдати 1 сол санҷиш муқаррар намудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ