Хабарҳо

ЗАМИН МОЛИКИЯТИ ИСТИСНОИИ ДАВЛАТ МЕБОШАД!

 Ахмедов Ғайратҷон Бобоевич бидуни мавҷудияти ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Ғайрат» мансуб ба заминҳои корами лалмӣмайдони 68,0 метри мураббаъро ғайримақсаднок истифода бурда, бо истифода аз масолеҳҳои сохтмони таҳкурси бунёд намуда, дар майдони 24 метри мураббаъи он дукони оҳанин гузошта, саҳни онро дар масоҳати 32,0 метри мураббаъ бо истифода аз пояҳои оҳанин ва тунука болопӯш бунёд карда, дар масоҳати 12 метри мураббаъи дигар сохтмони иншооти ёрирасонро худсарона ба анҷом расонидааст.

  Прокурори ноҳияи Шаҳринав нисбати Ахмедов Ғ.Б. бо моддаи 141 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замини ноҳия ирсол намудааст, ки бо баррасии парванда номбурда ҷарима карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ