Хабарҳо

ОҚИБАТИ ДУЗДИ

 18 ноябри соли 2018 тахминан соатҳои 14:10 дақиқа Сатторов Комрониддин Фазлиддинович, ки қаблан барои содир кардани ҷиноятӣ дуздӣ суд шуда буд, дар ҳолати ретсидив,бо маслиҳати пешакӣ бо гурӯҳи шахсон Раҷабов С.Н. ва дигарон ба тавақуфгоҳи зеризаминии бозори “Самоҳ”-и маркази шаҳри Ҳисор рафта, аз набудани одамони гирду атроф ва соҳибони воситаҳои нақлиётҳои дар онҷо қарор дошта истифода намуда, бо калидҳои қаблан омода намудаашон дари воситаҳои нақлиёти тамғаи “Опел-астра”-и шахсии шаҳрвандон Раҳматов А.С., Шарипов М.Б., Холов М.М. ва Салимов А.И.-ро кушода, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили онҳо маблағҳои пулӣ дуздидаанд.

 Дар натиҷаи кирдорҳои ин ашхоси ҷиноятпеша ба шаҳрвандон Раҳматов А.С, Салимов А.И, Шарипов М.Б ва Холов М.М, зарари моддӣ расонида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

   Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Саторов К.Ф. дар содир намудани ҷиноятӣ дузди (моддаи 244 қисми 3 банди “а,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 4 моҳ маҳкум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ