Хабарҳо

Азонихудкунии амвол!

Бобошоев Мирафган Тоҷидинович, санаи таваллудаш 28 июли соли 1989, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Занинси ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа, дар чунин ҳолат даст ба содир намудани ҷиноятӣ азонихудкунии моликияти давлатӣ задааст. 

Чунончӣ,  ӯ,  дар асоси фармони директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ВМКБ аз 10 майи соли 2019 таҳти №23 ба вазифаи мудири мавзеи ҷангалпарварии ноҳияи Роштқалъа таъин гардида, дар давраи фаъолияти кориаш аз моҳи майи соли 2019 то моҳи апрели соли 2021 бо истифода аз ваколати мансабӣ 100 (сад) cap чорвои майдаи шохдор (буз)-и мавзеъи ҷангалпарварии ноҳия, ки маблағи умумии он 85,000 (ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва ӯ онҳоро барои парвариш ва нигоҳубин дар ихтиёрдориаш нигоҳ медошт, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.

 

       Оиди ҳолати мазкур, аз ҷонибӣ прокурори ВМКБ нисбати Бобошоев М.Т., бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

         Бо ҳукми суди ВМКБ аз 19 июли 2021 сол Бобошоев М.Т., бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи 1192 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 71, 520 сомонӣ таъин карда шудааст.    

 

          Маркази матбуоти

          Прокуратураи генералӣ