Хабарҳо

Риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Холов Иззатуло Хурсандович бо моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Риоя накардани тартиби муқаррар намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим), ки санҷиши он аз тарафи прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба анҷом расонида шуда буд, дар суди шаҳри Ваҳдат баррасӣ карда шуд.

 

     

     Дар рафти санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст, ки сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Бакарон Холов И.Х., бе гирифтани тавсиянома аз комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, санаи 06 марти соли 2022 аз соати 9.00 дар рӯзи кори, дар хонаи истиқоматиаш, бо омода намудани таъом, маросими соли додарашро баргузор намудааст.

    Тибқи талаботи банди 2 моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросими “се”, “чил” ва “сол” бе забҳи чорво ва додани таъом гузаронида мешаванд.

    Бо қарори суди шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Холов И.Х. бо моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда бо дастрасии қисми 5 моддаи 48 КҲМ Ҷумҳури Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 3200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.    

 

 

          Маркази матбуоти

          Прокуратураи генералӣ