Хабарҳо

Иҷрои талаботи қонунгузории танзим ҳатмист!

Маҷидова Кенҷамо Авғоновна, сокини шаҳри Кӯлоб, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст.

 

     

     Чунончӣ, ӯ санаи 08 феврали соли 2022 барои гузаронидани маъракаи тӯйи арӯсии фарзандаш аз бахши дин, танзими анъана ва чашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тавсиянома гирифта, вақти баргузор намудани маъракаро риоя накарда, санаи 12.02.2022 сол аз соати 12:25 дақиқа бо оростани дастархон зиёфати тӯй шаҳрвандонро даъват карда, маърака оғоз кардааст.

     Минбаъд, ӯбоз санаи 13.02.2022 сол аз соати 18:30 то 21:30 дар тарабхонаи «Тоҳир» воқеъ дар суроғаи шаҳри Кӯлоб маҳаллаи В.Шамсов бо оростани зиёфат бо теъдоди 120 нафар даъватшавандагон ва иштироки санъаткорон маъракаи тӯйи арӯсии фарзандашро бо базму бозӣ идома додааст.

     Прокурори шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, нисбати Маҷидова К.А. бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Чумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудааст.

     Бо қарори суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Маҷидова К.А., ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.           

 

 

          Маркази матбуоти

          Прокуратураи генералӣ