Хабарҳо

Риояи қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ҳатмист

 Некройев  Шукрулло Хуршедович, сокини ноҳияи Дарвоз хилофи  талаботи  моддаи 141-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон” амал намуда, 22 марти соли 2020 бе қайд дар мақомоти ваколатдор ва бидуни тавсиянома дар Истироҳатгоҳи Чорчамани ноҳия  туйи домодиашро баргузор намудааст.

   Инчунин, хилофи қисми 1 моддаи 14-и Қонуни номбурда, ки тибқи он хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи тарафайн сурат мегирад, ҳунарманди ин маърака Давлатов Амирҳамза Ибратуллоевич, бидуни бастани шартномаи тарафайн хизматрасонӣ кардааст.

  Нисбати Некройев  Шукрулло Хуршедович ва  Давлатов Амирҳамза Ибратуллоевич  аз тарафи прокурори  ноҳияи Дарвоз бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба судирсол карда шуд.

 Бо қарори суди ноҳияи Дарвозаз 18 майи соли 2020 нисбати Некройев  Шукрулло Хуршедович ва  Давлатов Амирҳамза Ибратуллоевич бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ