Хабарҳо

Риояи қонун бояд одат шавад!

  Роҳбари тӯйхонаи “Зулола” Ғафурова Зиёда Бобоҷоновна, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов дар асоси шаҳодатнома барои ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар тӯйхонаи “Зулола” ба гузаронидани тӯю маъракаҳо машғул шуда, бархилофи талаботҳои моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тӯйи домодию арӯсӣ бо оростани зиёфат барои 150 нафар гузаронида мешавад, дар тӯйхонаи зикршуда 25 декабри соли 2019 ҳангоми баргузор намудани тӯйи домодию арӯсии Муҳамедов Б.Б. барои зиёда аз 160 нафар меҳмонон ҷойи нишаст ва шароит муҳайё намудааст.

 27 декабри соли 2019 аз ҷониби прокурори ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати Ғафурова З.Б. бо қисми 2 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол карда шудааст.

    Бо қарори суди ноҳия аз 08.01.2020 сол ба Ғафурова З.Б. бо моддаи зикршуда ҷазо дар намудаи ҷарима ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 38 500 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ