Материалы

Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018”

    Мақомоти прокуратура дар соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва қарорҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, 

ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба сомон расонид. 

 Аз ҷумла, ба интихоб, ҷобаҷогузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.  24 нафар мутахассиси ҷавон ба мақомот ба кор қабул, 146 нафар бо рутбаҳои дараҷавии навбатӣ сарфароз ва 269 нафар кормандон ҳавасманд гардонида шудаанд.

   Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ 416 нафар ба машғулиятҳо ва 179 нафар ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, дар хориҷи кишвар 80 нафар кормандон дар семинарҳо, конфронсҳо ва курсҳои такмили ихтисос ширкат варзиданд.

   Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддӣ- техникии мақомот ва шароитҳои иҷтимии кормандон хеле  беҳтар гардид.

   Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд барои кормандон бинои истироҳатгоҳ бунёд ва ба истифода дода шуд. Айни ҳол барои Дастгоҳи Прокуратураи генералӣ бинои иловагии маъмурӣ ва барои прокуратураҳои ноҳияҳои  Ҷ. Балхӣ,  Муъминобод, Сино  ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомот  бошад, биноҳои нави маъмурӣ бунёд шуда истодаанд.

  Соли гузашта 18 адад автомашинаҳои сабукрави хизматӣ, се автомашинаи криминалистӣ, 100 адад компютерҳо ва 41 адад ҷомадонҳои тафтишотӣ  харидорӣ ва ба прокуророн дастрас карда шуданд.

     Нақши Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шуда, дар  ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо 295  ҷаласаҳои шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ баргузор ва дар онҳо масъалаҳои мубрами мубориза бо ҷинояткорӣ, аз қабили экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи молу маҳсулот ва қайди ҷиноятҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул ва амалӣ карда шуданд.

   Бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 72 ҷаласаҳои васеи ҳайатҳои мушовараи прокуратура баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои муҳими мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин вазъи қонуният дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт мавриди муҳокима ва чораҷӯйӣ қарор гирифтанд.

    Бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти назорати умумӣ Барномаи низоми муқовимат бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо қабул ва иҷрои он таъмин карда шуд.

   Вобаста ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо аз тарафи прокуророн 5197 санҷиш гузаронида шуда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 21 788  санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, аз натиҷаи баррасии онҳо 33 144 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 2758 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

    Бо дахолати прокуророн 563 млн. сомонӣ зарар барқарор гардид, , ки  ин нисбат ба соли 2017 58 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Вобаста ба таъмини риояи қонунгузории замин2504  санадҳои эътиноӣ татбиқ ва 3 450 нафар ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 1 085  парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 22 928  гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

   Зимни санҷишҳо оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ  қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани онҳо 2 221 санадҳои эътиноӣ татбиқ ва 1010 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 138 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 275  млн. сомонӣ маблағи зарар ба буҷет барқарор карда шуд.

   Дар ин давра 2416 муроҷиатҳои ба мақомоти прокуратура воридшудаи  шахсони воқеию ҳуқуқи  қонеъ карда шуда, барои вайрон намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ин самт 22  нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

    Чунончи, котиби ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷ.Расулов Саримсоқов А.К. 30 адад, раиси ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент Абдуллоев П.А. 66 адад, муҳандис - заминсози ин ҷамоат Қодиров М. 50 адад муроҷиатҳои шаҳрвандонро бе баррасӣ мононда, барои ин кирдор бо ҳукмҳои судӣ маҳкум гардидаанд.

    Дар раванди назорат ба риоя ва иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”  326 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор 104 парвандаи ҷиноятӣ, 222 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва фаъолияти 15 нуқтаи ғайриқонунии мубодилаи асъор қатъ карда шуд.

    Ҷиҳати бартараф кардани вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 281 пешниҳод, 124   амр ирсол карда шуда, бо санадҳои прокурорӣ 393 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, нисбати 446 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

   Зимни санҷишҳои вазъи риояи қонунгузорӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифодабариашон гузашта,вайронкунии қоидаҳои санитарӣ  ва аз муоинаи тиббӣ нагузаштани фурӯшандагони маҳсулоти хурокворӣ ошкор карда шуданд.

    Нисбати 100 нафар кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои бидуни гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва бе гирифтани дафтарчаҳои санитарӣ фаъолият намудан ҷавобгарии маъмурӣ татбиқ карда шуд.

    Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳодар ин самт 138 пешниҳод, 107 амр ва 38 эътироз оварда, 1863 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 158 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

    Ҳолатҳои паҳнкунии бемориҳои сирояткунанда, бахусус Вируси норасоии масунияти одам ошкор карда шуда, нисбати шахсони гунаҳгор 27 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва 277 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

    Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, бо натиҷаи 158 санҷишҳои прокурорӣ  805 санадҳои эътиноӣ татбиқ   ва 320 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида  шуда, 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 108 млн сомонӣ музди меҳнат пардохта шуд.

   Ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ диққати хосса дода шуда,  бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 35 млн сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд.

  Ҳолатҳои дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор карда шуда, аз ҷумла 22 нафар кормандони худи шабакаҳои барқӣ бинобар даст доштан ба ин ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

    Дар рафти санҷиши вазъи иҷрои қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва сарватҳои зеризаминӣ ҳолатҳои насупоридани пардохтҳои экологӣ, расонидани зарар ба табиат, азонихудкунии маблағҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуда, оид ба ин ҳолатҳо 1697 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 56парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда,  3,3 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

   Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ дар соҳаи истифодабарии оби ошомиданӣ камбудиву қонуншиканиҳо, аз қабили бе иҷозати дахлдор васл шудан ба қубурҳои обгузар, мавҷудияти қарзи зиёди ҳаққи истифодабарии об, тасарруф ва азонихудкунии маблағҳои соҳа, сари вақт таъмир ва азнавсозӣ нашудани хатҳои интиқоли об, таъмин накардани истеъмолкунандагон бо таҷҳизоти баҳисобгирии об ва ғайра ошкор карда шуд.

    Аз натиҷаи санҷишҳо дар ин самт 305 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 230 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуда, 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,8 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуд.

   Соли 2018 миқдори санҷишҳои фаъолияти субъектони хоҷагидор як маротиба кам шуда, аз 186 757    ба 97 132  адад расид.

   Дар баробари ин, ҳолатҳои гузаронидани  санҷишҳои ғайринақшавӣ  ва такрорӣ аз байн нарафта, аз ҷониби баъзе мақомоти санҷишӣ ҳолатҳои алоҳидаи риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ҷой доранд.

   Чунончи, мутахассиси Раёсати омор дар вилояти  Хатлон Азизов Р.З.  21 майи соли 2018 фаъолияти Кооперативи матлуботи «Шукрона»-и ноҳияи Фархорро, ки ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ шомил мебошад, ғайриқонунӣ мавриди санҷиш қарор додааст.

   Баҳри бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо дар ин самт 73 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 31 нафар ба ҷавобгариҳои маъмурию интизомӣ ва 2 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. 

   Дар самти қонунгузорӣ вобаста ба рушди сайёҳӣ қонунвайронкуниҳои гуногун, аз қабили истифодаи нодурусти захираҳои сайёҳӣ, сатҳи начандон хуби хизматрасонӣ, таҷдиди нокифояи инфрасохтори туризм, ҳифз нагардидани объектҳои табиӣ ва фарҳангии аҳамияти туристидошта ва ғайра ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо 45 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 7 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

   Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо ба маблағҳои калон ошкор гардида, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.

   Масалан, соҳибкори инфиродӣ Раҷабов Фируз 2,1 млн. сомонӣ ва роҳбари ширкати хусусӣ Холов М., бошад, 4,4 млн. сомонӣ маблағҳои андозро пинҳон намуда, барои ин кирдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

   Дар маҷмуъ ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт 3180 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 2730 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 73 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 257 млн.  сомонӣ маблағи қарзи андоз ба буҷет барқарор карда шуда, баҳри рӯёнидани бақияпулиҳои андоз ба судҳо 68 аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 24 млн. сомонӣ пешниҳод гардид.

   Аз натиҷаи санҷишҳои иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук бошад, 671 амр, 425 пешниҳод, 535 эътироз оварда, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 2500 нафар ба ҷавобгарии гуногун кашида, 157  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 4,8 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва дигар зарарҳо барқарор карда шуд.

   Дар ин давра бо ҷалби кормандони мақомоти гумрук 2135 ҳолати қоҷоқи молу маҳсулот ба маблағи 12 млн. сомонӣ ошкор карда шуда, 2 000 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 18 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

   Бо дарназардошти зиёд будани ҳолатҳои қочоқи маҳсулоти пастсифат вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт 3 декабри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин роҳбарони мақомоти назоратии соҳа баррасӣ карда шуда, баҳри бартараф намудани конунвайронкуниҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

   Дарсамти назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон аҳамияти хоса ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, сифати таълиму тарбия  ва сарфи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф дода шуда, бо натиҷаи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд.

   Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар ин самт 2642 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, аз натиҷаи баррасии онҳо 3 221 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуда, 2638 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ   ва 381 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 44,7 млн.  сомонӣ барқарор карда шуд.

   Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати доимӣ қарор дода, барои вайрон кардани талаботи он 2815 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ  ва маъмурӣ ҷалб ва 173 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

   Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ  21 957  ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2017  - 0,3 фоиз кам мебошад. Содиршавии ҷиноятҳо дар вилояти           Суғд  6,5%, ноҳияҳои Варзоб 15,4%, Нуробод 15,7% ва Тоҷикобод 9,3% бошад, зиёд шудааст.

    Мақомоти прокуратура дар ин давра 6 928ё31,5 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳоро ошкор ва ба қайд гузоштааст.

    Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба монанди одамкушӣ  20,3%, таҷовуз ба номус 20,7%, роҳзанӣ 12 % ва авбошӣ 11,4% камтар содир шудаанд.

    Вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 9,4 % кам ҷиноят содир шуда, 3,6 (4,4) тонна маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардидааст.

    Дар ин давра бо истифодаи силоҳи оташфишон 55  ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2017 5 адад камтар мебошад.

    Мақомоти  тафтишотии ҷумҳурӣ дар рафти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ  492  млн. сомонӣ зарари ошкоршударо  барқарор  намудаанд.

    Дар ин давра аз ҷониби муфаттишони прокуратура як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнини мавриди таваҷҷуҳи омма қарордошта тафтиш карда шудаанд.

Чунончи, амали мудҳиши террористӣ-ҳамла ва куштори сайёҳони хориҷӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб мавриди тафтиши пурра, ҳамаҷониба қарор гирифта, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол ва шахсони гунаҳгор маҳкум карда шуданд.

    Дар натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ сатҳи ҷинояткории хусусияти экстремистию террористидошта нисбат ба соли 2017 –ум  ё 29 % камтар шудааст.

   Ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин самт 480 қонунвайронкунӣ ошкор ва гунаҳгорон мавриди таъқиби маъмурӣ қарор дода шуданд. Ҷиҳати бартараф намудани кабудиву қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдошта унвонии мақомоти ваколатдор 25 пешниҳод ирсол карда шуд.

    Дар раванди назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ прокуророн айбдоркунии давлатиро дастгирӣ намуда, дар баррасии 2161  парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштирок намуданд.

 Ба судҳои умумӣ ва иқтисодӣ ба манфиати давлат ва ҷамъият 783  даъвоба маблағи 263 млн. сомонӣ пешниҳод карда шудааст.        Бо ин даъвоҳо аз ҷониби судҳо 663 даъво ба маблағи 250 млн. сомонӣ қонеъ гардида, ба таври воқеӣ 117 млн. сомонӣ рӯёнида шудааст.

    Ҳолати иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда,баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 510 санади эътиноии прокурорӣ оварда, 122 нафар ба ҷавобгарии  интизомӣ кашида шуданд.

    Дар раванди назорат ба риояи қонунҳо ва ойинномаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ 2137  санадҳои эътиноӣ татбиқ  ва бо натиҷаи баррасии онҳо 1239 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 158 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7,4 млн. сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шуд.

   Бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати муборизаба муқобили ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

   Бо прокуратураҳои ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Озарбойҷон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, лоиҳаи чунин созишномаҳо бо кишварҳои Малайзия, Шветсария, Япония, Британияи Кабир, Словакия, Чехия ва Миср таҳия ва ба ин кишварҳо барои мувофиқа ирсол гардиданд.

 20 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва вохурии Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ташкил ва гузаронида шуданд, ки дар онҳо Прокуророни генералии 15 давлат ва роҳбарони 6 созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.

   Кормандони прокуратура вобаста ба шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, аҳамияти  Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ  ва пешгирии экстремизму террорризм дар байни колективҳои меҳнатӣ, маҳали зисти аҳолӣ ва  қисмҳои ҳарбӣ  11461 вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2895 маротиба (аз ҷумла тариқи матбуот 818, телевизион 1163 ва радио 659 маротиба баромадҳо намудаанд.

 

  Муҳтарам Раис,

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 

  Мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат фаъолияти худро дар оянда боз ҳам хубтар ба роҳ мемонад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ