Хабарҳо

 Шаҳрванд Валиев Асадулло Сайфуллоевич, санаи таваллудаш 17 ноябри соли 1974, сокини шаҳри Бохтар дар вазифаи хазинадори маркази хизматрасонии № 378-и филиали № 43-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” шаҳри Бохтар кор карда истода, 21 январи соли 2019 аз шаҳрванд Менгиқулов С. 1000 рубли русӣ ба ивази 142 сомониро ғайриқонунӣ харидорӣ намуда, ин ҳолатро дар ҳисоботҳои бонкӣ дохил накардааст.

 Нисбати Валиев Асадулло Сайфуллоевич аз ҷониби Прокурори вилояти Хатлон бо моддаи 535 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

  08 феврали соли 2019 бо қарори  Бонки миллии Тодикистон Валиев А.С. ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1100 сомонӣ ҷарима карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона