Хабарҳо

 16 октябри соли 2018 тахминан соатҳои 8:40 даққиқаТешаев Самарриддин Шарифбекович омӯзгори фанни физика хонандаи синфи 10-и «г», ММТУ №3-и ноҳияи Кӯшониён, Саидов Сунатулло Орзумуродович, соли таваллудаш 26.08.2002- ро,ки дар дарси забони англисӣ машғули дарс будааст, бинобар сабаби пӯшидани шими ҷинс дар дарс, ӯро бо истифодаи зӯроварӣ аз дарс бароварда, бо муносибати бераҳмона мавриди латукӯб қарор дода, либосҳои дар тан доштаашро даррондааст, ки аз ин ҳолат хонанда Саидова С.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба саломатиаш зарар расидааст.

 Вобаста ба ин ҳолат санаи 22.10.соли 2018 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбати омӯзгори ММТУ №3-и ноҳияи Кӯшониён, Тешаев С.Ш. бо моддаи 174-и КҶ Ҷумҳурии Точикистонпарвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркуни ба суд ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯшониён аз 5 апрели соли равон Тешаев Самарриддин Шарифбекович  дар содир намудан ҷиноятӣ бо  моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Точикистон пешбинишуда  гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба маблағи 5500 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона