Хабарҳо

  09.06.2017 дар суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ  гардид.

Мақомоти тафтишоти пешакӣ Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н.-ро барои он айбдор донистааст, ки номбурдагон аз моҳи июни соли 2016 то январи соли 2017 ба боварии 35 нафар маъюбон, сокинони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Нуробод даромада, аз номбурдагон ҷамъ ба  маблағи 196.692 сомонӣ гирифта, ваъда додаанд, ки ба онҳо дар шаҳри Душанбе манзили истикоматӣ медиҳанд.

 Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н. маблағи ҷамъовардаашонро ба манфиати шахсиашон истифода намуда, то инҷониб зарари ба маъюбон расонидаашонро барқарор накардаанд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2017 судшавандагон Соҳибназарова С.М., Носиров М.У. ва Мудинов Б.Н. бо моддаҳои дар боло қайд гардида гунаҳгор дониста шуда, Соҳибназарова С.М. ба муҳлати 11 сол, Носиров М.У. ба  муҳлати 10 сол ва Мудинов Б.Н. ба  муҳлати  9 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 
 

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона