Хабарҳо

  12.06.2017 дар суди  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Асроров Аҳмад Акрамович бо моддаҳои 246 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, 264 қисми 1 ва 340 қисми 2 бандҳои “а”, “б”, “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

 Мақомоти тафтишоти пешакӣ Асроров А.А.-ро барои он айбдор донистааст, ки номбурда бо роҳи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ҶСК “Агроинвестбонк” дар номи духтараш Асророва Р.А., ҳамсараш Ғазиева М.Ҳ, бародари ҳамсараш Ғазиев Ш.Ҳ., ва дар номи худаш ба маблағи умумӣ 66.070 сомонӣ кредит гирифта, ин маблагро ба манфиати шахсии худ хароҷот кардааст, ки дар натиҷа ба бонки мазкур зарари моддии миқдораш калон расонидааст.

Аз ҳисоби судшаванда Асроров А.А. ба манфиати ҶСК “Агроинвевстбонк” маблағи зарари расонидашуда 66.070 сомонӣ руёнида шуд.

Бо ҳукми  суди  ноҳияи  Сино аз 12.06.2017 Асроров А.А. бо  моддахои  дар  боло  қайд гардида  гунаҳгор  дониста  шуда, ба муҳлати 6 сол  аз озодӣмаҳрум гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ             

 

 

 
 

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона