Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина.
Аз 15 то 19 сентябри соли 2019 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳ ҷиҳати иштирок дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина карор дошт.
Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018”
Мақомоти прокуратура дар соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,
Баргузории ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
8 октябри соли 2020 таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид.
Хабарҳо
Ба худкуши расондан!
Санаи 14.02.2021 сол тахминан соати 08:30 дақиқа ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҷасади шаҳрванд Додова Н.Н. санаи таваллудаш 28.09 соли 2002 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-худовезӣ дохил гардида, зимни азназаргузаронии ҷасад хешони марҳум барои кушодани ҷасад розигй надода, ҷасадро маҷбуран гирифта, ҳамон рӯз дафн кардаанд.
Азонихудкунии амвол!
Директори ҶДММ «Мушараф» шаҳрванд Холов Маҳмадамин Юсуфалиевич, дар асоси шартномаи тендерӣ аз 28 августа соли 2020 уҳдадор буд, ки ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин намояд. Тибки талаботи қарордод Агентии мазкур ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда маблаги 1.094.065 сомонӣ арзиши карордодро пешпардохт кардааст.
Қабули Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм
1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Одамкуши бо бераҳмии махсус !
05.03.2021 сол тахминан соати 1400 Абдураҳмонова Муборак Азимҷоновна, бо мақсади одамкушӣ, яъне касдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар, ки оҷизиаш барои гунаҳгор баръало маълум буд, хурдсол Абдураҳмонов Ахмад Хусравовичро 07.06.с.2014 санаи таваллудаш, хонандаи синфи 1-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии худ, вокеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Кошевой, хонаи 23/1 бурда, аз ҳиссиёти қасду бадбинӣ, хусумат ва ҷанҷоли оилавӣ, ӯро буғӣ намуда, баъдан бо ҳарду дастонаш сари хурдсолро дошта, якчанд маротиба ба девори дохили хона зада ва якчанд маротибаи дигар бо муштонаш ба сару рӯйи хурдсол зарба зада, охиринро ба қатл расонидааст.
Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ !
26 феврали соли 2021 харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон Қурбонбоевич, ба бозори ҶДММ “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода ҳозир гардида, ба Назаров Ҳабибулло Маҳбулоевич, ки дар бозори мазкур ба фуруши маҳсулоти матоҳи машғул буд, барои иваз кардани маблағи 3000 доллари ИМА муроҷиат менамояд.
Имрӯз – 26 майи соли 2017дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Шӯро роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи Шӯроҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017, “Ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар қисмати кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстреистӣ, инчунин иштирок дар фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.
Бо қарориШӯродар назди масъулинивазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ
Харитаи сомона




















































































