Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина.
Аз 15 то 19 сентябри соли 2019 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳ ҷиҳати иштирок дар 24-ум Конференсияи солона ва иҷлосияи генералии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар шаҳри Буэнос Айреси Ҷумҳурии Аргентина карор дошт.
Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси Миллӣ “Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018”
Мақомоти прокуратура дар соли 2018 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда,
Баргузории ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо – иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
8 октябри соли 2020 таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 30-юми Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳо- иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид.
Хабарҳо
Ба худкуши расондан!
Санаи 14.02.2021 сол тахминан соати 08:30 дақиқа ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҷасади шаҳрванд Додова Н.Н. санаи таваллудаш 28.09 соли 2002 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-худовезӣ дохил гардида, зимни азназаргузаронии ҷасад хешони марҳум барои кушодани ҷасад розигй надода, ҷасадро маҷбуран гирифта, ҳамон рӯз дафн кардаанд.
Азонихудкунии амвол!
Директори ҶДММ «Мушараф» шаҳрванд Холов Маҳмадамин Юсуфалиевич, дар асоси шартномаи тендерӣ аз 28 августа соли 2020 уҳдадор буд, ки ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин намояд. Тибки талаботи қарордод Агентии мазкур ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда маблаги 1.094.065 сомонӣ арзиши карордодро пешпардохт кардааст.
Қабули Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм
1 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Нақшаи амал оид ба амалисозии онро бо фармони хеш таҳти №187 тасдиқ намуданд.
Одамкуши бо бераҳмии махсус !
05.03.2021 сол тахминан соати 1400 Абдураҳмонова Муборак Азимҷоновна, бо мақсади одамкушӣ, яъне касдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар, ки оҷизиаш барои гунаҳгор баръало маълум буд, хурдсол Абдураҳмонов Ахмад Хусравовичро 07.06.с.2014 санаи таваллудаш, хонандаи синфи 1-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии худ, вокеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Кошевой, хонаи 23/1 бурда, аз ҳиссиёти қасду бадбинӣ, хусумат ва ҷанҷоли оилавӣ, ӯро буғӣ намуда, баъдан бо ҳарду дастонаш сари хурдсолро дошта, якчанд маротиба ба девори дохили хона зада ва якчанд маротибаи дигар бо муштонаш ба сару рӯйи хурдсол зарба зада, охиринро ба қатл расонидааст.
Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ !
26 феврали соли 2021 харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон Қурбонбоевич, ба бозори ҶДММ “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода ҳозир гардида, ба Назаров Ҳабибулло Маҳбулоевич, ки дар бозори мазкур ба фуруши маҳсулоти матоҳи машғул буд, барои иваз кардани маблағи 3000 доллари ИМА муроҷиат менамояд.
Соли 2016 дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода» шуъбаи дорусозӣ таъсис дода шуда, қабули довталабон ба он тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.
Директори Коллеҷи мазкур Сафаров Аҳмад Бурҳонович ва сармуҳосиб Ҳасанов Иброҳим Зубайдович бо мақсади ба даст даровардани фоидаи муфт дар вақти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо волидони онҳо вохӯрда, шарт гузоштаанд, ки ба ғайр аз маблағи шартномавии муайяншуда маблағи иловагӣ дар ҳаҷми аз 1000 доллар то 1500 доллари ИМА супоранд.
Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З. охирҳои соли 2016 ва аввалҳои соли 2017 аз волидони аксари донишҷӯёни шуъбаи мазкур, ки 51 нафар мебошанд, маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд.
Волидайни ду нафар донишҷӯён аз сабаби надоштани имконият маблағи иловагии талабкардаи Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З.-ро дода натавониста, бо ин сабаб фарзандони онҳо ба супоридани имтиҳонҳои семестри аввали соли хониш роҳ дода нашуда, масъалаи хориҷ карда шудани онҳо гузошта шудааст.
Дар асоси муроҷиати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералӣ санҷиш гузаронида шуда, муайян карда шуд¸ки 20 январи соли 2016 директори Коллеҷ Сафаров А.Б. аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25 январи соли 2017 бошад, сармуҳосиби Коллеҷ Ҳасанов И.З. аз якеи дигари онҳо 8000 сомонӣ гирифтааст. Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда далелҳои шайъӣ – маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори Коллеҷ Сафаров А.Б. ёфта гирифта шуд.
Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З. дастгир ва нисбати онҳо бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ
Харитаи сомона




















































































