Хабарҳо

  Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати Хушқадамов Ҳ.Х. аз рӯи моддаи 4011 (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо)Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристод.Номбурда барои он айбдор карда мешавад, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан моҳи июни соли 2015 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Н.А.-ро, ки дар шоҳроҳи Челобетовский шаҳри Москваи Федератсияи Россия

 кор мекардааст, барои шомил шудан ба ҳайати ташкилоти террористии “Давлати Исломии Ироқу Шом” ва дар ин замина иштирок намудан дар амалиёти ҷангии давлати Сурия ҷалб менамояд. Баъдан бошад, Хушқадамов Ҳ.Х. барои харидорани чиптаи ҳавопаймои самти Москва – Истамбул Давлатов Н.А.-ро қисман бо маблағ таъмин намуда, 29 июни соли 2015 вайро барои минбаъд тавассути давлати Туркия ба Сурия рафтан ба фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Москва бурда гусел карда, дар хусуси чӣ гуна пайвастан бо роҳбаладе, ки убури ғайриқонунии ҷангиёнро аз давлати Туркия ба ҳудуди Сурия таъмин месозад, ҳидоят кардааст. Вале ҳангоми ба шаҳри Газантеп расидан, ки он дар сарҳади Сурия ҷойгир аст, ӯро корманди мақомоти қудратии Ҷумҳурии Туркия дастгир ва баъдан ба Тоҷикистон истирдод кардаанд.  

Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2016 Хушқадамов Ҳ.Х. дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонгунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона