Хабарҳо

  03 сентябри соли 2018 дар Прокуратураи генералӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси  Олӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бахшида ба ҷашни 27 солагии Истиқдолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Подробнее...

  Шодмонов Султонбек Шодиевич санаи таваллудаш 26 майи соли 1985, сокини нохияи Кушониён, Ҷамоати деҳоти «Меҳнатобод», деҳаи Дониёрқул моҳи марти соли 2009 ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия ба муҳоҷирати мехнатӣ рафта, ҳангоми дар Федератсияи Россия буданаш ба ташкилоти террористии Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) шомил гардида, моҳи майи соли 2014 ба шаҳри Истамбули Туркия ва сипас ба Давлати Сурия сафар карда, бар зидди неруҳои давлатии Ҷумхурии исломии Сурия дар задухурдхои ҷангӣ иштирок намудааст.

Подробнее...

   Казаков Саъдулло Муродиллоевич моҳи феврали соли 2018 тавассути шабакаи иҷтимоӣ «Ютуб» ба сайта «Муҳоҷир», ки ба намояндагони ташкилоти террориста- экстремиста ба ном «Давлати исломӣ» тааллук дошт, ворид шуда, ба ғояҳои ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинос шуда, онҳоро кабул ва ҷонибдорӣ карда, дидаю дониста, ки иштирок, даъват ва бурдани корҳои таблиғотӣ ба ташкилоти террориста-экстремиста ба ном «Давлати исломӣ» хилофи қонун мебошад, амал намуда, бо дастури аъзоёни ин гурӯҳи ҷиноятпеша нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи ин гурӯҳи террориста иштирок намуданро кардааст.

Подробнее...

  06 октябри соли 2017 тахминан соати 03:00 дақиқа шаҳрванд Ниятбеков Некрӯз Доробекович бо нияти ғаразнок бо ниқоб рӯяшро пушонида, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Ҳабибзода Восеи Саъдулло бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани аъзоёни оилаи Назридодовҳо ба манзили истиқоматии Назридодов Алидод Имомдодович, воқеъ дар деҳаи Миденшори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон, ғайриқонунй ворид шуда, бо силоҳи оташфишони тамғаи “ПМ” тирпарронй намуданд. Дар натиҷаи тирпарронй ҳамсари Назридодов А.И. -Девлохова Оламгул Мирзоевна дар қисмати қафаси сина ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, наберааш Ниятбеков Амирҷон Далерович дар қисмати косахонаи сараш ҷароҳат бардошта, баъди 6 рӯз дар беморхона вафот кардааст.

Подробнее...

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона