Хабарҳо

   Набиев Қурбоналӣ Маҳмудович дар вазифаи директори мактаб- интернати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон фаъолият намуда, бархилофи раванди таълиму тарбияи соҳаи маориф амал карда, хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Маҳмадаминов Суҳроб Фатоҳиддиновичро ба утоқи корни худ дароварда, бо сабаби гӯё ба талбандагӣ машғул буданаш бо чӯб задааст.

  Прокурарураи вилояти Хатлон нисбати Набиев Қ.М. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва ба суди ноҳияи Шаҳритус ирсол намудааст, ки бо қарори суд Набиев Қ.М. аз рӯи ин кирдораш ҷарима карда шуд.

Подробнее...

  Ибодов Муниршоҳ Маҳмадиевич ғайриқонунӣ ба муомилоти маводи нашъадор машғул шуда, барон ба даст овардани фонда дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба шахси ба мақомоти корҳои дохилӣ мусоидаткунанда ба номи шартии «Тура» микдори 30,9 грамм маводи нашъадори навъӣ афюнро фурӯхта, дар ҷоӣи ҳодиса дастгир шуд.

Нисбати Ибодов М.М. бо моддаи 200 қисми 3 банди «а» Кодексы ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуд, ки баъди бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Ибодов М.М. бо ҳукми суд гунаҳгор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Подробнее...

  Шарипов Исомудцин Ҳанифович вазифаи хазинадори МХБ №3-и ҶСК «Соҳибкорбонк»-ро дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар ба уҳда дошта, бидуни доштани иҷозатномаи дахлдор бо мақсади ба даст овардани фоида маблағи 2000 рубли рӯсӣ баробар ба 284 сомониро аз харидори шартӣ иваз намудааст.

 Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Шарипов И.Ҳ. бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳри Бохтар ирсол намуд, ки аз тарафи суд Шарипов И.Х,. ҷарима карда шуд.

Подробнее...

  Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳукуқӣ ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар доираи “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013- 2020”, Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон тибқи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ барои солҳои 2017-2020 бо мақсади такмили дониш ва малакаи касбӣ ва омӯзгории кормандони мақомоти прокуратура дар мавзӯи “Усулҳои муосири таҳияи Барномаҳои таълимӣ ва баргузор намудани машғулиятҳо вобаста ба такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура” аз 12 то 14 феврали соли 2019 бо ҷалби 14 нафар кормандони мақомоти прокуратура машғулиятҳо баргузор намуд.

 

Подробнее...

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона