Хабарҳо

01.06.2021

Одамкуши ва оқибати он

  Топарова Насиба Худойбердиевна, санаи таваллудаш 27 ноябри соли 1986, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Суғдиён, санаи 22 ноябри соли 2020 тахминан соати 1200 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, бо мақсади омода намудани хӯроки нисфирӯзй ба ошхонаашон даромада, дар ошхона маҳсулоти маводи хӯрока дарёфт накардааст. Сипас ӯ барои гирифтани маҳсулоти хурока ба амборхонаи хушдоманаш Топарова Ашурбиби Амоновна меравад. Ҳангоми ба онҷо расидан байни Топарова Н.Х. ва Топарова А.А. оиди надодани маҳсулотҳои маводи хӯрока муноқиша ба миён меояд. Топарова Н.Х. аз ин ҳаракатҳои Топарова А.А. асабони шуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Топарова А.А. аз қисмати пушти номбурда гузашта, бо дасти чапаш аз шикам ва бо дасти росташ аз даҳони ӯ дошта, қасдан роҳи нафаскашӣ, яъне мавзеъи бини ва даҳонашро муддати 3-4 дақиқа махкам кардааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Топарова А.А. аз норасогии ҳаво дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Материал находится в разработке

Фотогузоришҳо

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии  мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018

Харитаи сомона